Лого тадж
 

ТАРТИБИ ТАҚРИЗДИҲӢ БА МАҚОЛАҲОИ ИЛМИЕ, КИ БА МАҶАЛЛАИ ИЛМИИ «ПАЁМИ ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН» БАРОИ ЧОП ПЕШНИҲОД МЕГАРДАНД

Мақолаҳои илмие, ки барои чоп ба маҷалла пешниҳод мегарданд, аз ташхиси пешакӣ гузаронида мешаванд (ташхис аз ҷониби аъзоёни ҳайати таҳририя – мутахассисони соҳаи дахлдор анҷом дода мешавад) ва сипас дар доираи тартиботи ҷорӣ барои чоп қабул мегарданд. Талабот барои тартиб додани шакли ниҳоии матни мақола дар ҳар як шумораи маҷалла чоп карда мешавад.
Ҳангоми қабули шакли дастнависи мақола, корбарони маҷалла нисбат ба мундариҷа ва риояи талаботи асосӣ ба муаллиф хабар медиҳанд ва он норасогиҳое, ки дар мақола ҷой доранд, то оғози ташхис аз ҷониби муаллиф бояд бартараф карда шаванд.
Сипас мақолаи илмӣ дар доираи талаботи ҷорӣ аз ҷониби аъзоёни ҳайати таҳририя ва ё мутахассисони соҳаи дахлдор (номзадҳо ва докторони илм) ташхис мегарданд.

Дар тақриз бояд хусусиятҳои муҳими мақола асоснок карда шаванд. Аз ҷумла, навоварии илмӣ, муҳимияти омӯзиши масъала, арзиши таърихӣ ва фактологии мақола, дурустии иқтибосҳои нишондодашуда, услуби матн, истифодаи адабиёти солҳои охир ва камбудию норасогиҳои мақола. Дар охири тақриз нисбат ба мақола баҳои умумӣ дода мешавад ва ба ҳайати таҳририя дар мазмунҳои зерин хулосаи муқарриз пешниҳод мегарданд: ба чоп тавсия карда шавад; баъди ислоҳи камбудиҳо ба чоп тавсия карда шавад; барои тақриз иловатан ба мутахассиси дигари масъалаи дахлдор фиристода шавад; барои чоп тавсия карда намешавад. Ҳаҷми тақриз бояд аз як саҳифа кам набошад.
Мақолаи илмии барои чоп қабулгардида, аммо ба тағйирот ниёздошта, бо нишон додани тавсияҳои муқарриз ва муҳаррир ба муаллифон фиристода мешаванд. Муаллифон бояд камбудию норасогиҳои ҷойдоштаро ислоҳ намуда, шакли ниҳоии матни чопӣ ва электронии мақоларо бо дастхати пештарааш ба маҷалла пешниҳод намояд. Баъди ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта мақолаи илмӣ такроран барои тақриз супорида мешавад ва сипас аз ҷониби ҳайати таҳририя барои чопи он иҷозат дода мешавад.
Мақолае, ки ба он тақризи мусбӣ дода шудааст ва чопи он аз ҷониби ҳайати таҳририя ҷонибдорӣ гардидааст, барои нашр қабулгардида ба ҳисоб меравад.
Раванди тақриздиҳӣ ба мақолаҳои дастнавис ошкоро намебошад. Паҳн намудани хабар дар бораи раванди тақриздиҳии мақолаи дастнавис боиси поймол гардидани ҳуқуқи муаллиф мегардад. Муқарризон барои нусхабардорӣ намудани матни мақола ва истифода намудани он барои эҳтиёҷоти худ ҳуқуқ надоранд.
Муқарризон, инчунин аъзоёни ҳайати таҳририя то нашри мақола иттилооти дар матни мақолаи дастнавис ҷойдоштаро ба манфиати худ истифода бурда наметавонанд.
Тақризҳо дар нашрияи маҷалла ба муддати 5 сол нигоҳдорӣ мешаванд.
Ҳангоми дархост нашрияи маҷалла нусхаи тақризҳоро ба Вазорати маориф ва илми Федератсияи Русия ирсол менамояд.