Лого тадж
 
nachodki.ru интернет-магазин

МАЪЛУМОТ БАРОИ МУАЛЛИФОН

Талабот нисбат ба мақолаҳои илмӣ:

  1. Риоя намудани «Этикаи чопи мақола дар маҷаллаҳои илмии ДМТ»;
  2. Таҳияи мақола бо ҳуруфи Times New Roman барои матнҳои русию англисӣ ва бо ҳуруфи Times New Roman Tj барои матни тоҷикӣ, ҳаҷми ҳарфҳо 14, ҳошияҳо 2,5 см ва фосилаи байни сатрҳо 1,5 сатр;
  3. Ҳаҷми мақола: формати А4, бо рӯйхати адабиёту аннотатсияҳо на камтар аз 15 саҳифа ва на беш аз 30 саҳифа;
  4. Индекси УДК (индекси мазкурро аз дилхоҳ китобхонаи илмӣ дастрас намудан мумкин аст);
  5. Номи мақола бо ҳарфҳои калон;
  6. Насаб ва дар шакли ихтисор ном ва номи падари муаллиф (он) (намуна: Сатторзода Н.С.);
  7. Номи муассисае, ки дар он муаллиф(он)и мақола кору фаъолият менамоя(н)д;
  8. Матни асосии мақола на камтар аз 10 саҳифа (схема, расм ва ҷадвал дар матни асосии мақола ворид намешавад);
  9. Рақамгузории нақша, схема ва диаграммаву расмҳо ва тарҷумаи номи шарҳдиҳандаи онҳо бо забонҳои русӣ ва англисӣ;
  • Рӯйхати адабиёти истифодашуда на камтар аз 15 номгӯ адабиёти илмӣ. Адабиёт ба тартиби алифбоӣ оварда мешавад. Ба нашри мақолаҳое бартарӣ дода мешавад, ки ба сарчашмаҳои нашршудаи илмии солҳои охир ва манбаъҳои муътамад бештар такя кардаанд. Номгӯи адабиёти ба муаллиф тааллуқдошта набояд беш аз 25%-и рӯйхати адабиёти мақоларо ташкил диҳад. Намунаи таҳияи адабиёт;
  • Нишон додани манбаи иқтибос дар матн ба таври зер: [3, с. 24], [3, с. 24; 7, с. 53], ки ин ҷо рақами аввал манбаи истифодашуда ва рақами дувум саҳифа;
  • Рӯйхати адабиёти истифодашуда бояд бо ду шакл таҳия гардад: 1) ба забони аслии китоб (тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ва диг.) ва 2) тарҷумаи ҳама номгӯи адабиёт ба забони русӣ;
  • Таваҷҷуҳи муаллиф(он) дар мақола ба таҳқиқоти қаблии доир ба мавзӯи мақола, ки дар маҷаллаи «Паёми ДМТ» ба нашр расидааст;
  • Тарҷумаи номи мақола, аннотатсия ва калидвожаҳо бо се забон (тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ), аннотатсия дар ҳаҷми на камтар аз 25 сатр (аз 150 то 200 калима) ва калидвожаҳо аз 7 то 10 номгӯ;
  • Маълумот дар бораи муаллиф(он) бо се забон (тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ). Маълумот дар барои муаллиф ба тартиби зайл оварда мешавад: насаб, ном, номи падар, дараҷаи илмӣ ва унвони илмӣ (агар бошад), вазифа ва ҷои кор, телефон ва почтаи элекронӣ, инчунин суроғаи почтаи ҷои кор;
  • Дар баробари пешниҳоди шакли электронии мақола пешниҳоди шакли чопии он дар як нусха ҳатмӣ мебошад;
  • Аризаи муаллиф(он) ба редаксия оид ба асолати мақола ва ризоияти чоп;
  • Мақолаи аспирант/докторанти Ph.D/ унвонҷӯ танҳо бо тавсияи роҳбари илмӣ/мушовири илмӣ қабул карда мешавад;
  • Мақолаи магистрант танҳо бо ҳаммуаллифӣ бо номзад/доктори илм қабул карда мешавад;
  • Маълумотномаи антиплагиати мақолаи бо забонҳои русӣ ва ё англисӣ таҳияшуда талаб карда мешавад.

 

ЭЗОҲ:

  1. Мақолаи ба маҷалла воридшуда аз ҷониби ҳайати таҳририяи силисиламаҷаллаҳои илмии ДМТ дар муддати 30 рӯз баррасӣ мегардад;
  2. Маблағи чопи мақола пас аз тавсия шудани мақола ба нашр қабул карда мешавад.