Лого тадж
 
Шаблоны Joomla здесь

Этикаи нашри мақола дар маҷаллаҳои илмии

Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Маркази табъу нашр, баргардон ва тарҷумаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (редаксияи “Паёми ДМТ”) арзиши илмӣ ва аҳамияти амалии тадқиқоти муаллифонро эътироф намуда, воситаи иртиботи илмӣ ва майдони рушди соҳаҳои мувофиқи илму дониш мебошад.

Сиёсати редаксияи маҷаллаҳои илмии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба қоидаҳои этикии нашрияҳои илмии эътирофшуда асос ёфта, бо назардошти меъёрҳои этикии фаъолияти муҳаррирон ва ноширон, ки дар Кодекси рафтор ва принсипҳои фаъолияти муҳаррирони маҷаллаҳо (Code of Conduct and Best Practice Guidelines for Journal Editors) ва Кодекси рафтори ношири маҷалла (Code of Conduct for Journal Publishers)-и таҳиянамудаи Кумитаи этикаи интишор (Committee on Publication Ethics (COPE)) таҷассум ёфтаанд, таҳия гардидааст. Редаксияи маҷаллаҳои илмии ДМТ фаъолияти худро дар асоси талаботи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма», «Дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он», «Дар бораи табъу нашр», «Оинномаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон» ва дигар асноди меъёрӣ-ҳуқуқии соҳаи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мондааст.

Меъёрҳои пешниҳоди мақола

  • Пешниҳод намудани мақолаи пештар банашрнарасида. Мақола фақат натиҷаи тадқиқотҳои аслии муаллиф(он)ро дар бар гирад.
  • Ба иқтибосоварии нодуруст, сирқат ва иқтибосоварии аз ҳад зиёд аз асарҳои қаблии худ роҳ надиҳад.
  • Ба ҳайси муаллифон танҳо муҳаққиқоне зикр мегарданд, ки дар бадастории натиҷаҳои илмии пешниҳодшуда саҳми назаррас дошта бошанд. Дар назар аст, ки зимни (дар лаҳзаи) ирсоли мақола ба маҷалла ҳама муаллифон ба нашри он ва тартиби зикри номашон розӣ ҳастанд.
  • Дар рӯйхати адабиёт танҳо манбаъҳое оварда мешавад, ки воқеан дар рафти таҳқиқот истифода шудаанд; дар матн ба ҳама манбаи истифодашуда бояд истинод оварда шавад.
  • Маълумот ва далелу санадҳое, ки муаллиф(он) зимни таҳқиқ истифода намудаст(анд) бояд аз идораҳои расмӣ ва сарчашмаҳои боэътимод бошанд ва дар матни мақола ба онҳо истинод бошад.
  • Дар бораи сарчашмаи маблағгузории таҳқиқот маълумот дода шавад (дар доираи кадом нақша ва ё лоиҳа мақола омода шудаст, масалан, дар доираи нақшаи КИТ-и кафедра, лоиҳаҳои грантии Президенти ҶТ ва ғ.).
  • Мақоларо тибқи талаботи маҷалла пешниҳод намояд.

Қоидаҳои тақриз

  • Мақола ҳатман ба тақриз фиристода мешавад. Махфият дар тақриз шарт аст.
  • Ҳар як дастхат чун санади махфӣ баррасӣ мешавад. Ба паҳнсозӣ ва нашри маводи тақризшаванда аз ҷониби муқарриз роҳ дода намешавад.
  • Мақсади тақриз баён намудани ақидаи шахсии коршинос (муқарриз) дар бораи асолат, навгонӣ ва аҳамияти натиҷаҳои илмиву амалии бадастомада мебошад.
  • Объекти тақриз натиҷаи таҳқиқот мебошад. Тақриз бояд беғараз бошад: мувофиқ наомадани мавқеи илмии муқарриз бо муаллиф(он) асоси баҳси илмӣ шуда метавонад, аммо наметавонад асоси кофӣ барои рад намудани чопи мақола бошад.
  • Мақолае, ки бори дувум чопи он аз ҷониби муқарриз(он) рад карда мешавад, аз баррасии минбаъдаи редаксия берун карда шуда, чоп намегардад.
  • Мақола танҳо баъд аз тақризи мусбат ва ҷонибдории аъзои ҳайати таҳририя барои чоп қабулшуда ҳисобида мешавад. Мақола аз санаи ворид гардидани нусхаи ниҳоияш ба навбати чоп монда мешавад.

Риоя накардани талабот ва масъулият

  • Агар риоя накардани талаботи меъёрҳои этикаи нашри мақола аз ҷониби муаллиф(он) дар марҳалаи баррасии мақола ошкор шавад, пас, ин ҳолат асоси рад кардани чопи мақола шуда метавонад.
  • Риоя нагардидани меъёрҳои этикаи нашри мақола аз ҷониби муқарриз ва муҳаррир асоси қатъ гардидани ҳамкории редаксияи маҷалла бо онҳо шуда метавонад.
  • Риоя нагардидани меъёрҳои этикаи нашри мақола, ки баъд аз нашри мақола ошкор мешаванд аз ҷониби тарафҳои манфиатдор тибқи қоида ва тартиботи тавсиянамудаи ҳайати таҳририя ба таври дақиқ омӯзишу баррасӣ мегарданд. Иштибоҳоти ночизро метавон бо нашри шарҳи расмӣ ислоҳ намуд. Хатоиҳои назаррас (ҷиддӣ) боиси аз чоп бозхондани мақола ва нашри хабари бозхонди мақола дар сомонаи он мегардад.

Далели риоя нагардидани меъёрҳои этикаи нашри мақола танҳо бо иштироки тамоми тарафҳои моҷаро собит карда мешавад. То лаҳзаи исбот гардидани ин далел дилхоҳ шубҳа чун гумони вайрон кардани талабот дониста мешавад. Тамоми шубаҳаҳо, ҳатман, аз ҷониби ҳайати таҳририяи маҷалла омӯзишу баррасӣ мегарданд.