ТАРТИБИ ТАҚРИЗДИҲӢ БА МАҚОЛАҲОИ ИЛМИЕ, КИ БА МАҶАЛЛАИ ИЛМИИ «ПАЁМИ ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН» БАРОИ ЧОП ПЕШНИҲОД МЕГАРДАНД
Мақолаҳои илмие, ки барои чоп ба маҷалла пешниҳод мегарданд, аз ташхиси пешакӣ гузаронида мешаванд (ташхис аз ҷониби аъзоёни ҳайати таҳририя – мутахассисони соҳаи дахлдор анҷом дода мешавад) ва сипас дар доираи тартиботи ҷорӣ барои чоп қабул мегарданд. Талабот барои тартиб додани шакли ниҳоии матни мақола дар ҳар як шумораи маҷалла чоп карда мешавад.
Ҳангоми қабули шакли дастнависи мақола, корбарони маҷалла нисбат ба мундариҷа ва риояи талаботи асосӣ ба муаллиф хабар медиҳанд ва он норасогиҳое, ки дар мақола ҷой доранд, то оғози ташхис аз ҷониби муаллиф бояд бартараф карда шаванд.
Сипас мақолаи илмӣ дар доираи талаботи ҷорӣ аз ҷониби аъзоёни ҳайати таҳририя ва ё мутахассисони соҳаи дахлдор (номзадҳо ва докторони илм) ташхис мегарданд.
МАЪЛУМОТ БАРОИ МУАЛЛИФОН
Талабот нисбат ба мақолаҳои илмӣ:
- Риоя намудани «Этикаи чопи мақола дар маҷаллаҳои илмии ДМТ»;
- Таҳияи мақола бо ҳуруфи Times New Roman барои матнҳои русию англисӣ ва бо ҳуруфи Times New Roman Tj барои матни тоҷикӣ, ҳаҷми ҳарфҳо 14, ҳошияҳо 2,5 см ва фосилаи байни сатрҳо 1,5 сатр;
- Ҳаҷми мақола: формати А4, бо рӯйхати адабиёту аннотатсияҳо на камтар аз 15 саҳифа ва на беш аз 30 саҳифа;